Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
Душанбе, 01.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 1 августи соли 2014 бино ба даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.Вазирони корҳои хориҷии ду кишвари дӯст бо таъкиди қаноатмандӣ аз муносибатҳои хубу дӯстона байни сарварони давлатҳои Тоҷикистону Чин, мавзӯи танзими сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷаноби Олӣ Си Тзинпинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин миёни ҷонибҳо табодули афкор доир ба лоиҳаи санадҳои нави дуҷониба дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд ва зимни сафари давлатии мазкур ба имзо мерасанд, сурат гирифт.Вазирон бо ишора ба машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвари дӯст, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардидаанд, зарурати идомаи фаъолияти ин абзори рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро таъкид карданд.Ҳамзамон ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷиро, ки зимни сафари мазкур ба имзо расид, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти сиёсии ду кишвари дӯст арзёбӣ намуданд.Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ зимни баррасии мавзӯи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистону Чин дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.Дар ин раванд ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, сепаратизм ва экстремизм ҳамчун мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир боқӣ хоҳанд монд.Вазирон зимни баррасии вазъи кунунии Афғонистон изҳори умедворӣ намуданд, ки интихоботи баргузоргардида дар ин кишвар ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа мусоидат хоҳад кард.Дар мулоқоти баргузоршуда ҳамзамон вазъи кунунӣ ва минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Вазирон изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бори дигар муттаҳидии давлатҳои аъзо ва ҷонибдории онҳоро аз «руҳи Шанхай», ки аз санҷиши замон гузаштааст, ифода хоҳад кард.Дар ин росто ҷонибҳо баргузории бомуваффақияти ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ-ро, ки дар рафти он теъдоде аз ин санадҳо барои пешниҳод ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ таҳия гардиданд, махсус таъкид намуданд.Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И-ро баланд арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафари мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин такони тоза хоҳад бахшид.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






