Воридоти ғайриқонунии нӯшокиҳои спиртӣ ба пойтахт
Душанбе, 07.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Барои пешгирии воридоти тамоми намуди мол ва маҳсулотҳои пастсифат ва ё ба талабот ҷавобгў набуда пайдар пай рейдҳои махсус гузаронида мешавад.Аз ҷумла автомошинаи тамғаи «Хино» рақами давлатиаш ТҶ 52-61 АР, ки таҳти идораи ронанда Оқилов Малик Мирзаёрович соли таваллудаш 1963 буд, мавриди тафтиши гумрукчиён қарор гирифт.Тафтиш муайян кард, ки автомошинаи мазкур 1407 шишаҳои нӯшокиҳои спиртии навъи «арақ» истеҳсоли шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мол ва тамғаи аксизиро мехост вориди пойтахт кунад.Инчунин маълум гашт, ки молҳои мазкур ба Ҳомидов Ҳоҷиислом Абдуллоевич соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ деҳаи қуштеппаи 1 тааллуқ дорад.Тибқи протоколи гирифтаи молу мулк ва ҳуҷҷатҳо аз 6-уми августи соли ҷорӣ нушокиҳои спиртии мазкур ситонида шуда, то ҳалли баррасии масъала дар Комплекси хоҷагию маишии Хадамоти гумрук, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Н. Ҳувайдуллоев 33 «а» ҷойгир карда шуда, таҳти назорати гумрукӣ қарор дода шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






