«Як гули садбарг» — туҳфа ба хонанда
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Китоби нави ашъори узви Иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Точикистон Иззатбеки Идизод — «Як гули садбарг» аз чоп баромад. Дар ин маҷмӯа шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамуда ва чанд тарона аз китобҳои «Шаббода», «Духтари шаб», «Ҳаваси сабз»-и шоир гирд оварда шудааст. Бобҳои «Меҳри диёр», «Гулӯгиря», «Эй мард, гар намоз мехонӣ, ту» андеша ва мушоҳидаҳои боризи шоирро дар боби паҳлӯҳои гуногуни зиндагии пурмуаммои имрӯза фаро гирифтааст. Бояд зикр намуд, ки тозакориҳои адиби хушзавқ ба мисли «Хокпартовон», «Гўрков», «Тафовут» аз ҷумлаи мавзӯъҳои наве мебошанд, ки дигар қаламкашон нагуфтаанд. «Як гули садбарг»-и шоир бешубҳа димоғи дўстдорони каломи бадеъро хушу муаттар хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






