Ярмаркаи мактабиён дар Суғд
Хуҷанд, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). – Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ярмаркаи мактабиён ба кор шурӯъ кард.
Тавре ки аз шуъбаи маорифи маъмурияти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда, ба беш аз 200 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат, ки имсол бори аввал ба мактаб мераванд, ашёҳои хониш тақдим намуд. Имсол 4 корхонаю иттиҳодияи давлатӣ ва 20 корхонаи шахсӣ дар ярмарка маҳсулоти худро ба харидорон арза доштанд.
Соли ҷорӣ қариб 25 ҳазор нафар хонандагони Хуҷанд ба мактаб мераванд. То имрӯз дар маркази вилояти Суғд 47 мактаби таҳсилоти мухталиф фаъолият дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






