Ғоратгари ноболиғ ба даст афтод

Сентябрь 2, 2014 11:27

Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода). – Сокини 17 —  солаи  шаҳри  Кӯлоб  бо  гумонбарии  ғоратгарӣ дастгир  шуд. 
Мувофиқи  маълумоти  ВКД  ҶТ, шаҳрванд Сарварбӣ  Каримова  дар аризааш унвонии  шуъбаи  корҳои дохилии  ноҳияи  Фирдавсии пойтахт  изҳор  доштааст, ки  шахси  номаълум  гӯшвораҳои  тиллоии  духтари  панҷсолаашро  аз  гӯшҳояш  канда  гирифта,   аз  маҳалли  воқеа  ғайб  задааст. 
Дар  натиҷаи бурдани  корҳои тафтишотӣ  маълум  шуд, ки шахси  дастгиршуда  5  июли  соли  ҷорӣ  низ  бо  ҳамин усул  гӯшвораҳои тиллоии  як  духтарчаи  сесоларо аз  гӯшаш канда гирифтааст.
Тафтиш  аз  рӯи  ин  қазия  идома дорад.

Сентябрь 2, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад