Қабули Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Сентябрь 12, 2014 14:22

 
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Пас аз анчоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо ба имзо расиданд. Маврид ба зикр аст, ки санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв, барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Дар сурати қабул щудани давлати дигар ба узвияти ба СҲШ ин Созмон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон нуфуз ва эътибори хоса касб мекунад. Бояд гуфт, ки aз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба СҲШ на танҳо давлатҳои дар маҷмӯъ ҳаммарз аъзоянд, балки ду давлати дорои неруи ҳастаӣ ва аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид — Русия ва Чин шомили он мебошанд. Аз тарафи дигар ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба шумор меояд.

Сентябрь 12, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад