Қочоқчӣ дар сарҳад дастгир шуд
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз соати 5 субҳ шаҳрванди Афғонистон мехост бо заврақи худсоз сарҳади давлатиро убур намояд.
Аммо дар соҳил кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ ва хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қочоқчиро дар наздикии деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбози ноҳияи Шуғнони ВМКБ дастгир намуданд.
Боздошти қочоқчӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии ВКД-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” ба нақша гирифта шуда буд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, ин қочоқчӣ сокини 20-солаи деҳаи Саричашмаи улусволии Шуғнони Афғонистон Ҷумъагул валади Саодатёр буда, мехост 17 кг 714 грамм маводи ҳашишро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






