Ҳаҷми истифодаи неруи барқ дар зимистону тобистон якхел аст
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Мувофиқи маълумоти роҳбари шабакаҳои барқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Саид Кишваров, алҳол теъдоди истифодабарандагони неруи барқи ноҳияи мазкур ба 48 ҳазор нафар расидааст, ҳол он ки соли 2008 шумораи онҳо 32 ҳазор нафарро ташкил медод.
«Баробари афзудани шумораи сокинони ноҳия ҳаҷми истифодаи неруи барқ ҳам зиёд мешавад. Масалан, тайи 6 моҳи соли равон сокинони ноҳия 50 миллиону 114 ҳазору 535 киловатт — соат неруи барқро истифода намуданд», — афзуд Саид Кишваров.
Ба гуфтаи мавсуф, сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳар шабонарӯз 1,5 миллион киловатт – соат неруи барқро истифода менамоянд, ки ин баробари ҳаҷми дар зимистон истифодашавандаи қувваи барқ аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






