Ҳалокати 54 нафар дар Токио
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ),-Мувофиқи иттилои роҳбари пулиси неруи интизомии Эрон Халили Ҳилолӣ, кори занон дар тарабхонаҳо, дӯконҳои қаҳвафурӯшӣ ва фазои умумии суфрахонаҳои суннатӣ манъ шудааст. Зикр шуд, ки занҳо метавонанд дар таъсиси тарабхонаҳо иштирок кунанд, вале наметавонанд дар фазои умумӣ ба муштариҳо хидмат расонанд. Аммо хабар дода нашудааст, ки аз ҷониби кадом муассиса ва бар пояи кадом қонун ин кор амалӣ карда шудааст.
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Тӯли чанд моҳ аст, ки неруҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни роҳандозии амалиёти густурдаи ҳарбӣ 900 тан аз ҷангиёни ҳаракати «Толибон»-ро нобуд намуданд. Дар баробари ин кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар минтақаҳои гуногун чанд махфигоҳи зеризаминӣ ва анборхонаҳои ҷангиёни мухолифи давлатро ошкор карданд
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Никарагуа 24 нафар корманди кони тиллои Бонанзаро аз зери харобаҳои фурӯрафта наҷот доданд. Гуфта мешавад, ки кони тиллои мазкур дар 420 километрии қисми шимолии пойтахти кишвар -шаҳри Манагуа воқеъ мебошад. Мувофиқи маълумоти расида, ҳодиса баъди боронгариҳои зиёд ба амал омадааст.
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Дар пойтахти Токио аз сабаби гармои ҳаво 54 сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар иттилоъ медиҳанд, наздики 40 ҳазор нафари дигар аз шумори сокинони осоишта бар асари ин офати табиӣ мубталои сактаи мағзи сар гардида, бистарии беморхонаҳо гардидаанд. Ба гуфти муассисаҳои обуҳавошиносии кишвар ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо аз 35 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Хадамоти кашшофии Амрико дар хусуси аз ҷониби силоҳбадастон дар Либия рабуда шудани 11 ҳавопаймо маълумоти муфасал пешниҳод намудааст. Бояд гуфт, ки ҳодиса дар фурудгоҳи шаҳри Триполии Либия рух додааст. Неруҳои мусаллаҳи Алҷазоир, Марокаш ва дигар кишварҳои Африқои Шимолӣ барои пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Гуфта мешавад, ки дар Либия гурӯҳҳои силоҳбадаст бештар мавқеи худро мустаҳкам менамоянд.
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)-Дирӯз ба сохторҳои қудратии Ироқ муяссар шуд, ки аксар маҳалҳои шаҳрҳои Тикрит ва Мосулро аз муҳосираи ҷангиёни гурӯҳи «Давлати Исломӣ» озод намоянд. Гуфта мешавад, ки шаҳрҳои Тикрит ва Мосул аҳамияти стратегӣ дошта, аз моҳи июни соли равон аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи «Давлати Исломӣ» муҳосира гардиданд. Баробари амалиёти заминӣ, неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ироқ ва ИМА минтақаҳои даргирро пайваста мавриди ҳадаф қарор доранд. Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои охир 34 нафар сокини осоишта ё ин ки фирориён ба ҳалокат расидаанд.
Душанбе,04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)-Президенти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Барак Обама рӯзи 3-уми сентябри соли равон дар шаҳри Таллин, пойтахти Эстония аз паймони низомии НАТО тақозо кард, ки дар тақвияти артиши Украина кумак кунад ва барои муқобила “ба таҷовузи Русия” дарро барои қабули аъзои нав боз намояд. Барак Обама ҳамчунин гуфт, НАТО бояд дар тақвияти қудрати дифоии Беларус ва Молдова ба ин ду кишвар мадад расонад. Ӯ низ афзуд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тамрини сарбозону кумак ба артиши Украинаро идома хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






