Ҳамаи донишгоҳҳо ба низоми тестӣ мегузарад

Сентябрь 1, 2014 15:56

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  «Вазифаи Маркази миллии тестӣ танҳо амалӣ гардонидани низоми ягонаи қабули имтиҳонҳо ба мактабҳои олӣ нест. Ин сохтори навтаъсис вазифадор аст, ки баъди анҷоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиш ва мониторинги сифати таълими фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, мактабҳои алоҳида ва умуман дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳлилҳо гузаронад ва хулосаҳои худро барои беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд»,- гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Минбаъд ҳама гуна озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи гуногун бояд дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шаванд ва кафолати шаффофияти онҳо таъмин гарданд.
Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки соли оянда бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ қабул ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, донишгоҳҳои пӯлод ва хӯлаи Маскав, энергетикаи Маскав ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.

Сентябрь 1, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад