Ҳамкории дуҷониба бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ

Сентябрь 17, 2014 15:42

 Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Ба наздикӣ  дар Бонки миллии Тоҷикистон байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) Созишнома  ба имзо расид. 
   Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, мақсади асосии лоиҳаи мазкур тақвият бахшидани низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани таҷрибаи мутахассисони касбии соҳаи бонкдорӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад.      
     Санади мазкур дарозмуддат буда, давраи аз 1 октябри соли 2014 то 1 сентябри соли 2017- ро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ин муддат 250 нафар мутахассиси низоми бонкии ҷумҳурӣ ба омӯзиши дуҷониба, ки бештар машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад, фаро гирифта шаванд. 

Сентябрь 17, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад