Ҳамкории дуҷониба бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба наздикӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) Созишнома ба имзо расид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, мақсади асосии лоиҳаи мазкур тақвият бахшидани низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани таҷрибаи мутахассисони касбии соҳаи бонкдорӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Санади мазкур дарозмуддат буда, давраи аз 1 октябри соли 2014 то 1 сентябри соли 2017- ро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ин муддат 250 нафар мутахассиси низоми бонкии ҷумҳурӣ ба омӯзиши дуҷониба, ки бештар машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад, фаро гирифта шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






