Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба Конститутсия
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи кишвар конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи «Нақши Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона» баргузор гардид.
Бахтиёр Худоёрзода-роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сухани табрикотии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дар назди иштирокчиён қироат намуд.
Вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод вобаста ба нақш ва аҳамияти таърихии Конститутсияи ҶТ чунин ибрози андеша намуд: “Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои моил шудан ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад”.
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи ҶТ дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» маърӯза намуда, таъкид кард, ки: «Хусусияти муҳими Конститутсияи ҶТ дар он аст, ки вай аз як тараф қонуни асосии давлат, аз тарафи дигар қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ба моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.
Бо қабули Конститутсия, ки имрӯзҳо аз он 20-сол сипарӣ мешавад, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир иникос менамояд».
Доктор Ларс Брокер-намояндаи Суди конститутсионӣ ва Суди олии маъмурии Рейнланд-Пфалтси Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки иштирокчии конфронс ба шумор мерафт, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки: «Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдорӣ хеле муҳим аст. Сиёсатмадорону таҳлилгарон асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдориро натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар маънидод менамоянд.
Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба монеа ва мушкилоти гарон дучор мегардад.
Вобаста ба ин гуфтаниям, ки Конститутсияи ҶТ ва рукнҳои он дар давлату давлатдорӣ аҳамияти хеле бузург дорад Ҳукумати Тоҷикистон баробари қабули Контитутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд».
Иштирокдорон дар бораи мавқеи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати шаҳодатномаи ҳар як халқ ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон зикр намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






