Ҳ. Анворӣ: «Кӯмак ба ниёзмандон аз фазилатҳои неки инсонист»
Душанбе, 13.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сарпарасти кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон Ҳусайни Анворӣ зимни сафараш ба Душанбе бо кормандони дафтари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар мулоқот доир ба фаъолиятҳои намояндагии Кумитаи имдод дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кормандони маҳаллӣ гузориш доданд. Ҳусайни Анворӣ кумак расонидан ба ниёзмандон ва табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро яке аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карда, зикр намуд, ки бояд кормандони Кумитаи имдод дар ин самт рисолати худро сарбаландона иҷро намоянд. Мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати тавонманд сохтани оилаҳои ниёзманд бояд самтҳои нави кор эҷод шавад. Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломи Эрон аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ин муддат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ намояндагиҳо ва шуъбаҳои худро ифтитоҳ намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






