Ҳарфе, ки месароям, бар ёдгор бишнав!
Душанбе, 10.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҷашни Истиқлол рамзи пойдориву дар ҷомеаи ҷаҳон арзи вуҷуд доштани миллату давлат аст. Дар арафаи ин рӯзи фирӯз тоҷикони ватандӯст дур аз Ватан, дур аз Тоҷикистони азиз бузургони тоҷикро дар кишвари иқомат муаррифӣ менамоянд, зеро мухлису шайдову соҳибҳунару донандаи бахши адабу дорандаи хиради комиланд. Ба қатори чунин тоҷикони ватанпарвар Имомуддини Саттор, Ашрафи Гулзода, Шамсуддини Муқим, Шодмони Иброҳим ва шахсиятҳои дигаре шомиланд, ки дар кишвари Русия тарғибгари фаъоли маданияти қадиму бемисли мардуми хешанд. Онҳо бо баёни ифтихору садоқатмандӣ ба адабиёту таърихи худ ва дар рӯзи Истиқлол барои тоҷикони дур аз ватан ва ҳар хонандаи ҳушманд армуғоне бузург пешкаш сохтаанд.Бо кӯшишу дастгирии дӯстони арҷманд ва шахсони муътабаре, ки дар Русия зиндагиву фаъолият доранд, нашрияи махсусе бо номи «Номаи Ҳоҷӣ Ҳусайн» бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ чоп гардид /[attachment=23]/.Онҳо номи бузургмарде аз кӯҳистони тоҷик- Муҳаммадҳусайн Ҳоҷии хушнависро бо ашъори дилнишинаш дар дили Маскав зинда гардониданд, яъне як марди донишманди тоҷик, хаттоти моҳири ибтидои асри ХХ — ро ёд карданд. Дар рӯзнома ҳамчунин аз рӯзгор ва эҷодиёти ин нобиғаи нотакрор ёдоварӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






