Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Дар даври интихобии мусобиқоти дастаҳои ҷавонон оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Осиё дар соли 2016, ки аз 23 то 31 марти соли 2015 баргузор мегарданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок менамояд. Ҳарифони футболбозони ҷавони кишвар моҳи декабр баъди қуръапартоӣ маълум мешаванд.
Назар ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври интихобии мусобиқот 43 даста иштирок менамояд, ки ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 24 даста, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувейт, Қирғизистон, Лубнон, Малдив, Непал, Уммон, Покистон, Фаластин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Шри – Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбакистон ва Яман шомиланд.
Минтақаи шарқӣ иборат аз 20 даста – Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайбэи Чин, Ҷумҳурии Демократии Мардумии Куриё, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Филиппин, Сингапур, Таиланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам мебошад.
Назар ба иттилои Конфедератсияи футболи Осиё, чор кишвар, яъне Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбакистон ба доир намудани қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё – 2016 идао доранд. Мизбони ин мусобиқоти қитъавӣ дар даври интихобии он иштирок намекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






