Ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар

Сентябрь 23, 2014 14:58

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия “Дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Анвар Бобоев бо раиси ташкилоти ҷамъиятии шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Русия Шароф Азимов баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии хадамот Анвар Бобоев дар бораи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфта, аз ҷумла  масъалаҳои хизматрасониҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳоро таъкид намуд. 
Шариф Азимов бобати  кушодани филиали ҶСК “Фонди дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон”-и шаҳри Толятти дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сухан гуфт. Ў тасмим гирифтааст  беш аз 300 нафарро дар ин шаҳрҳо бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин намояд.
 
 

Сентябрь 23, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад