Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист»

Сентябрь 29, 2014 16:58

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва “Дар бораи иттилооти экологӣ”, дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷамъбасти озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун ҳавасманд намудани рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ буд. 
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд,  аз вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок намуда, дар номгӯи «Бахши радио» муҳаррири радиои вилоятии “Садои Хуҷанд” Раҳимҷон Аҳмадов сазовори ҷои дуюм, дар номгӯи “Бахши телевизион” рўзноманигори шабакаи телевизион ва радиои “Азия” Мастонаи Мўъминҷон сазовори ҷои сеюм гардид.
Дар сатҳи вилоятӣ дар номгӯи «Бахши телевизион» ба муҳаррири барномаи телевизионии «Муҳит» Фарҳод Қосимов, дар номгӯи «Бахши матбуот» рўзномаҳои “Ҳақиқати Суғд”, “Маърифати ҳуқуқӣ” ва “Тирози ҷаҳон” барои мусоидат дар таблиғи маърифати экологӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мунтазам чоп намудани мавод ва гузоришҳои экологӣ сазовори диплом ва мукофотҳо гардиданд.

Сентябрь 29, 2014 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд