Ҷасалаи Комиссияи байниидоравии равандҳои экологӣ
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова оид ба иҷрои қарорҳои раиси вилоят сухан гуфт.
Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати иҷрои қарори мазкур корҳои муайян ба анҷом расиданд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуллои Қодирӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Айнй, Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ норасоиву камбудиҳо ба чашм расиданд.
Аз ҷониби муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба раисони комиссияи шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






