Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Брюссел

Сентябрь 16, 2014 15:20

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 11 сентябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона фаъолони ҷамъияти тоҷик дар Белгия, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони навинтихоби Парлумони Аврупо, Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат ва корпуси дипломатии муқими Брюссел, марказҳои илмию-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои аврупоӣ, воситаҳои ахбори омма, дӯстони хориҷии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва гурӯҳи варзишгарони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар Бозиҳои аврупоии махсуси тобистонаи олимпӣ ба кишвари иқомат ташриф овардаанд,  ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон шодбош гуфта, перомуни дастовардҳои назарраси кишвар дар давраи истиқлолият, сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маълумот дод. 
Дар табрикот ва андешаронии худ дӯстони аврупоии Тоҷикистон аҳамияти махсуси таҳкими Истиқлолияти давлатии кишварро, ки дар он саҳми таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ гардид, дар пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати байналмилалии Тоҷикистон зикр намуданд.  Дар чорабинӣ навори видеоии барномаи консертии бахшида ба Истиқлолияти давлатии кишвар, китобу матолиби дахлдор оид ба истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон, инчунин асарҳои рассомони маъруфи мамлакат, ки табиати биҳиштосои сарзамини тоҷик ва рӯзгору фарҳангу санъати мардуми онро ба тасвир меоранд, намоиш дода шуданд.
Зимни базми идона ба ҳозирин зиёфат аз таому шириниҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид. 

Сентябрь 16, 2014 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад