Ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Покистон
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-22 сентябри соли 2014 дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Исломобод чорабинии расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар чорабинӣ вазири федеролии иттилоот ва радиошунавонӣ, сенатор Парвиз Рашид, инчунин намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, парлумон, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Покистон, доираҳои тиҷоратӣ ва илмиву ҷамъиятии кишвари иқомат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Исломобод, намояндагони хонадони шоири форсизабон Аллома Муҳаммад Иқбол ва аъзои ҷамъияти тоҷикони муқими музофотҳои мухталифи Покистон ширкат варзиданд.
Дар арафаи чорабинӣ дар васоити ахбори оммаи покистонӣ мавод оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба нашр расиданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши расмҳо оид ба мавзуъ ташкил шуда, китобу нашрияҳо дар бораи Тоҷикистон, фаъолияти байналмилалии он ва мавод бахшида ба ҳамкории Тоҷикистону Покистон пешниҳод гардиданд.
Инчунин филми видеоӣ роҷеъ ба саммити СҲШ, ки дар таърихи 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе барпо гашт, намоиш дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






