Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд маросими супурдани ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров доир шуд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷоизаҳои бонуфуз дар ду сол як маротиба ба намояндагони илму адабиёт, ки дар рушди ин соҳаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, супорида мешавад. Тӯли 18 сол бо ин мукофот 71 нафар аҳли илму адабиёт сарфароз гардидаанд.
Имсол аз 20 нафар довталаб 7 нафар тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият ва бо Қарори раиси вилоят ба ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шудаанд.
Роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирандагони ҷоизаҳоро ба ин муносибат таҳният гуфт ва изҳор намуд, ки ин нишони қадршиносии давлату Ҳукумат ба аҳли зиё мебошад. Ҳамин тариқ, дар риштаи адабиёт, санъат ва меъморӣ шоир — Нуралӣ Нурзод барои китоби «Такрори таронаи борон», Сайрам Исоева ва Умар Алиев — ҳунарпешаҳо барои хидматҳояшон дар рушди санъати театрӣ ва Абдураҳим Ҷабборов барои силсилаи осори тасвирӣ ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар бахши илм Туғрал Шокиров -доктори илмҳои суханшиносӣ барои китоби «Фарҳанги тоҷикӣ — русии истилоҳоти ҳуқуқ», Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода — номзади илмҳои суханшиносӣ барои рисолаи «Об — асли мавҷудият» ва Ҳотам Муртазоев — номзади илмхои физикаву математика барои китоби «Радиационно-экологические особенности природных сред северного Таджикистана» ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров шарафёб шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






