Ҷоизаи Қазоқистон ба рӯзноманигори тоҷик
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Чанде пеш дар толори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими ба хабарнигори рӯзномаи «Народная газета» Салимахон Ваҳҳобзода супурдани ҷоизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Қазоқистон барпо гардид. Ҷоизаро аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Иттифоқи журналистони Қазоқистон сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай Смагулов тақдим намуд.
Ин ҷоизаро Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва Иттифоқи журналистони он барои инъикоси беҳтарин дастовардҳои ҷумҳурии ба мо дӯст дар матбуоти дигар кишварҳо таъсис дода, рӯзноманигорони хориҷиро барои ҳамкорӣ даъват менамоянд.
Салимахон Ваҳҳобзода аз рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ буда, дар бисёр озмунҳо ширкат варзида, ғолиб баромадааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






