27 сентябр- Рӯзи ҷаҳонии туризм
Душанбе, 27.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз, 27 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи туризм таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ ва дорои табиати зебову нотакрор, қуллаҳои баланду сарбафалаккашида ва ёдгориҳои таърихию бостонист, қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад. Танҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 ҳазору 862 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин омор 74 000 -ро сайёҳон ташкил медиҳад. Даромад дар ин давра аз ҳисоби ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвармон 37 миллион $ -ро ташкил медиҳад.
Руслан Шодиков-муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тӯли солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи туризм дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2010-2014, Консепсияи миллии рушди туризм ва дигар барномаҳои муҳими давлатӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди туризм шаҳодат медиҳад. Инчунин минтақаҳои туризм эълон гардидани ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон ва дараи Ромит ба ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон муосидат менамоянд.
Алҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 ширкати туристӣ фаъолият дошта, аз он 50 тоаш ба туризми содиротӣ ва 40 ададаш ба туризми воридотӣ машғуланд. Ҳамзамон дар ҷумҳуриамон беш 50 хатсайри туристӣ фаъол аст.
Бояд тазаккур дод, ки санаи Рӯзи ҷаҳонии туризм дар саввумин иҷлоси Маҷмаи кулли Созмони ҷаҳонии туризм асос ёфта он аз соли 1980 инҷониб 27 сентябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






