3 миллиону 780 ҳазор сомонӣ кумаки Чин ба АНМН

Сентябрь 10, 2014 11:02

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо гурӯҳи журналистон аз Телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ Р. Назарзода ба меҳмонон оид ба таърих, сохтор ва фаъолияти агентӣ, вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа маълумот дода гуфт, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамасола аз 5 то 6 тонна маводи нашъаовар мусодира мегардад. Вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон аз вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобастагии калон дорад.
Роҳбари агентӣ доир ба хатсайрҳои интиқоли маводи нашъаовар аз кишвари Афғонистон, дар бораи ба ном “хатсайри шимолии баҳри Сиёҳ” иттилоъ дод, ки дар он танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 3 тонна героин мусодира гардид.
Роҳбари мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон ба журналистон дар бораи ҳамкории агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар Афғонистон афсарони алоқаи агентӣ фаъолият менамоянд. Аз соли 2006 то ин ҷониб аз тарафи агентӣ якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар ҳудуди кишвари ҳамсоя 226 амалиёт гузаронида шуд, фаъолияти 46 ташхисгоҳи пинҳонӣ, ки героин истеҳсол менамуд, қатъ шуд, зиёда аз 16 тонна маводи нашъаовар нобуд гардид.
Р. Назарзода зикр намуд, ки агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои СААД, СҲШ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин хамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз соли 2010 то 2013 Вазорати амнияти чамъиятии Чин ба агентӣ ба маблағи 3 миллиону 780 ҳазор сомонӣ кумак расонид, ки ба он кумаки техникӣ, нақлиёт, техникаи махсус, системаи алоқа, либосу анҷоми махсус дохил мешавад. Ҳамасола 15 нафар корманди агентӣ дар курсҳои Вазорати амнияти чамъиятии Чин омӯзиш мегирад. Чониби Чин барои сохтмони бинои маъмурии шуъбаи агентӣ дар шаҳри Кӯлоб кумаки молиявӣ мерасонад, ки шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи Кулма — Душанбе дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст.
 Дар хотима журналистони чинӣ аз ҳуҷраи нигоҳдории маводи нашъаовар дидан намуданд.  
 
 

Сентябрь 10, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд