3000 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҷои кор мегардад
Душанбе, 15.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷараёни сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ -Чин», ки муддати се сол идома меёбад, се ҳазор нафар шаҳрванди кишварамон бо ҷои кор таъмин мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ -Чин» зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷипин ба Чумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин доир гардид.
Қитъаи тоҷикистонии лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин, ки тавассути қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад, беш аз 400 километрро ташкил дода, аз ҳама тӯлонӣ аст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ-Чин» дар ҳудуди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 миллиарду 200 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ -Чин» дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ — Чин» хатти чорум ва кӯтоҳтарин буда, дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Дар ҷараёни сохтмони лӯлаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Чин дар қитъаи дар қаламрави Тоҷикистон будаи он 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки 24 нақб дар зери об сохта мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






