3000- солагии Ҳисор- мавзӯи «Чароғи ҳидоят»

Сентябрь 23, 2014 16:33

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи донишҷӯён баргузор гардид. Ин навбат маҳфил ба таҷлили 3000- солагии Ҳисори бостонӣ бахшида шуд.
Профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултаи таърихи донишгоҳ Саид Марофиев роҷеъ ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон таҳти унвони «Аҳамияти тарбиявии ҷойҳои муқаддаси таърихӣ ва  фарҳангӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки мақсад аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор эҳёи ёдгориҳои қадимаи давлатдории ин водӣ мебошад, ки замоне аз Шаҳрисабз оғоз гардида, ҳудуди он то Хоҷа Обигарм тӯл мекашад. Маънои худи Ҳисор қалъаи мудофиа буда, аз он ҷо бар зидди аҷнабиён мубориза мебаранд. Имрӯз дар дохили қалъаи Ҳисор осорҳои хеле қадимаи асри биринҷ ва оҳан ёфт шудаанд.
Мудири кафедраи географияи табиии донишгоҳ  дотсент Дилором Саидова дар мавзӯи «Ҳисори бостон: чанд андеша аз назари олими табиатшинос» сухан гуфта, лаҳзаҳоро аз таҷрибаомӯзии комплексӣ, ки  17 нафар донишҷӯёни курси 3-юми донишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак рафта буданд, нақл кард. Зикр шуд, ки  бори аввал дар таърихи Истиқлолияти кишвар донишҷӯён бо дастгирии Раёсати донишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки ин таҷрибаомӯзиро гузаронанд.
           Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.
 
 

Сентябрь 23, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад