3502 -беҳтарин қисми низомӣ

Сентябрь 1, 2014 10:11

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо корҳои ободонӣ ва шароити хизматӣ дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ як гурӯҳ зиёиёни кишвар, соҳибкорони ватанӣ, волидайни сарбозон, намояндагони расонаҳои хабарӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҷамъ омада, аз қисми низомии мазкур дидан намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, дар як муддати кӯтоҳ қисми низомии 3502 ба яке аз қисмҳои беҳтарин табдил дода шуда, куллан тармиму таҷдид гардида, ба худ симои замонавӣ касб кард.
Ҳайати меҳмонон зимни боздид аз корҳои ободонию созандагӣ, шароити моддӣ-маишӣ ва хизматии сарбозон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки пеш бурдани хизмати Модар-Ватан дар чунин шароит ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба хоки аҷдодӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни боздид аз қисми низомии мазкур ҳайати меҳмонон аз ҷойи хоб (казарма), хонаи афсарон, ҳаммом, ошхонаи сарбозону афсарон, қисми тиббӣ, дӯкони дӯзандагӣ, сартарошхона, хонаи компютерӣ, ситод, хонаи вохӯрии волидайн, хонаи сарбозон, толори варзишӣ, ошхонаи сайёр ва майдони варзишӣ дидан карданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласае, ки бо иштироки меҳмонон доир шуд, гуфт, ки: «Мақсад аз дидорбинӣ- ин шиносоӣ бо тарзи ҳаёти солим, ҷараёни хизмати сарбозону афсарон, иштироки онҳо дар машғулиятҳо ва аз ҳама муҳим- ошноии наздик бо муҳити зист ва рӯзгори сарбозон дар қисми низомӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирию ғамхорӣ ҷиҳати беҳдошти шароити маишию хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и  Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД як зумра соҳибкорон бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. 
 

Сентябрь 1, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад