4260 нафар ба ДДХ қабул шуд

Сентябрь 29, 2014 17:07

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар соли хониши 2014-2015 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти дуюм, идомаи таҳсил ва магистратура маҷмӯан 4260 нафар қабул гардид. Дар ин бора котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ дотсент Насим Ҳамроҳбоев иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар рейтинги интихоби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ то 30-юми апрели соли 2014 бо миқдори 37180 нафар ҷои 3-юмро  ишғол намуд. Тибқи нақшаи қабули соли хониши 2014-2015  барои донишгоҳ  2917 ҷой барои курсҳои 1-ум ҷудо шуда буд, аз ҷумла 2332 ҷой барои шуъбаи рӯзона ва 585 ҷой барои шуъбаи ғоибона муайян шуда буд. Мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти комиссияи қабул  танҳо ба курси якум 88,8%-ро ташкил медиҳад, яъне 2 ҳазору 591 нафар ба курси якум (дар ду давра) аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қабул шуд. Яъне, ба шуъбаи рӯзона 2050 нафар, ба шуъбаи  ғоибона 541 нафар.  Ҳамзамон 209 нафар тибқи квотаи президентӣ, 25 нафар дар асоси созишномаҳои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон  дар маҷмӯъ 227 нафар дигар қабул  шуд,  ҳамагӣ 2 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба нақшаи қабул 96,8%-ро ташкил медиҳад. 
 
 

Сентябрь 29, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!