442 нафар донишҷӯ кумакпулӣ мегирад
Душанбе, 06.09.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҳадафи дастгирии донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюбу камбизоат ба 442 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кумакпулии яквақта дар ҳаҷми 97 сомонӣ дода мешавад.Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, ин гурӯҳ донишҷӯён дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида, аз тарафаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ муайян шуда, маблағҳо бевосита ба суратҳисоби онҳо интиқол дода мешавад. Гуфта мешавад, ки маблағи умумии ин кумакпулӣ наздики 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин таваҷҷуҳ ба гурӯҳи ятимону камбизоат дар соли таҳсили 2014-2015 бори аввал буда, ду сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст ва танҳо дар соли хониши 2013-2014 ба ин табақа беш аз 212 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ аз тарафи Раёсати донишгоҳ расонида шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






