600 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар Рӯзи забон таҷлил мегардад

Сентябрь 30, 2014 09:58

           Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ(1414-1492) -яке аз нобиғаҳои бузурги олами шеъру адаби қарни XV-и тоҷик 4 октябр дар радифи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ     ҷашн гирифта мешавад.
    Бояд тазаккур дод, ки моҳи марти соли 2014 дар остонаи ҷашни Наврӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоти анъанавияш бо аҳли зиёи кишвар соли 2014-ро Соли бузургдошти шоири тавонои тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ  эълон кард. Бояд тазаккур дод, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва доир ба он қарори марбута қабул намуд.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз  бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад, ки дар садаи ХV ҳаёт ба сар бурдааст. Осори нотакрори шоири тавонои тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, маъруфияти вай ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз марзи Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Хурд, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд. Асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 50 номгӯй буда, “Баҳористон”, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, девони иборат аз се қисм, “Нафаҳот- ул- унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арӯз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” доир ба сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис” аз машҳуртарин асарҳои шоир маҳсуб мешаванд.
 
 

Сентябрь 30, 2014 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст