600 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар Рӯзи забон таҷлил мегардад
Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ(1414-1492) -яке аз нобиғаҳои бузурги олами шеъру адаби қарни XV-и тоҷик 4 октябр дар радифи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи марти соли 2014 дар остонаи ҷашни Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоти анъанавияш бо аҳли зиёи кишвар соли 2014-ро Соли бузургдошти шоири тавонои тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ эълон кард. Бояд тазаккур дод, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва доир ба он қарори марбута қабул намуд.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад, ки дар садаи ХV ҳаёт ба сар бурдааст. Осори нотакрори шоири тавонои тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, маъруфияти вай ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз марзи Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Хурд, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд. Асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 50 номгӯй буда, “Баҳористон”, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, девони иборат аз се қисм, “Нафаҳот- ул- унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арӯз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” доир ба сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис” аз машҳуртарин асарҳои шоир маҳсуб мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






