А. Ғоиб: «Пешгирии коррупсия кафолати ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аст».

Сентябрь 5, 2014 11:58

Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба муносибати 23 — юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 
Директори ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб аҳли кормандонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда,  дар фаъолияти хизматиашон баҳри рушди Ватани маҳбубамон муваффақиятҳои беназир таманно намуда, зикр кард, ки: «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ки дар таърихи ҳазор соли охир волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд. Ин рӯйдоди муқаддас боис гардид, ки минбаъд миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик сарнавишт, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намояд. 
Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон зарари зиёде ба давлат, ҷамъият ва ба ҳар як шаҳрванду ҳар як инсон мерасонад, зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрую нуфузи миллат ва давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро заиф мегардонад.
Пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, гирифтани пеши роҳи шиддати он ва дар ниҳоят паст кардани сатҳи он, яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ кафолати ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд».
Зимни суханронии меҳмонон таъкид шуд, ки баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва ба ин васила беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ калон дорад.
Дар дастовардҳои Истиқлолият, албатта саҳми ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҳиссаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ назаррас мебошад.
 
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад