А. Ғоиб: «Пешгирии коррупсия кафолати ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аст».
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба муносибати 23 — юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Директори ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб аҳли кормандонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, дар фаъолияти хизматиашон баҳри рушди Ватани маҳбубамон муваффақиятҳои беназир таманно намуда, зикр кард, ки: «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ки дар таърихи ҳазор соли охир волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд. Ин рӯйдоди муқаддас боис гардид, ки минбаъд миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик сарнавишт, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намояд.
Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон зарари зиёде ба давлат, ҷамъият ва ба ҳар як шаҳрванду ҳар як инсон мерасонад, зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрую нуфузи миллат ва давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро заиф мегардонад.
Пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, гирифтани пеши роҳи шиддати он ва дар ниҳоят паст кардани сатҳи он, яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ кафолати ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд».
Зимни суханронии меҳмонон таъкид шуд, ки баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва ба ин васила беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ калон дорад.
Дар дастовардҳои Истиқлолият, албатта саҳми ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҳиссаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ назаррас мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






