А.Аҳмадзай хостори тақвияти равобити Душанбеву Кобул гардид

Сентябрь 30, 2014 12:18

 
Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тақвияти муносиботи Душанбе ва Кобул дар  мулоқоти  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии  Исломии Афгонистон доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай 29 сентябр дар Кобул матраҳ гардид.
         Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба намояндагӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон  паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Давлати Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай расонида, ба муносибати ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шудан ва таъсиси давлати ваҳдати миллӣ ӯ ва кулли мардуми Афғонистонро табрик намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таманнои онро кард, ки муносибатхои таърихан дӯстонаи ду кишвари ҳамнажоду ҳамзабон ва ҳамдини мо густариш ёбанд ва ҳамкориҳои судманди мо бо саъю талошҳои муштарак ба марҳилаи сифатан нав ворид гарданд.
Шукурҷон Зуҳуров муштаракоти умумии мардумони тоҷику афғонро, ки аз умқи қарнҳо маншаъ мегиранд, ҷиҳати тақвияти дӯстии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Ш. Зуҳуров доир ба фазои мусоиди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон изҳори назар карда, гуфт, ки  миёни Душанбе ва Кобул шароити мусоиди  қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таъминкунандаи чунин фазост, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтари қонуниву ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши муносиботи дуҷониба ба нафъи ҳарду кишвар иқдом хоҳад кард. 
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Кобулро дар бахши иқтисод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон карда,  иброз дошт, ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мавриди амал қарор додани Созишнома ва қарордодҳое, ки миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба имзо расидаанд, омили аслӣ ва таъминкунандаи зиндагии осоишта дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон аст. Зикр шуд, ки бунёди хатҳои роҳи оҳану интиқолу тавлиди барқ, сохтмони корхонаҳои муштараки тавлиди семент, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва як зумра  барномаҳои дигари иқтисодӣ бояд ҳарчи зудтар мавриди иҷро қарор гиранд. 
Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ба он манфиатдор аст, ки дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии неруи барқи байни Тоҷикистону Афғонистон устуворӣ зоҳир намуда, дар масъалаҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи ин лоиҳаҳо мусоидат намояд, зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа мусоидат менамояд.
Шукурҷон Зуҳуров ба густариш ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистн дахл намуда, гуфт, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон аст. Ш. Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доимо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ баромад намуда, хостори таъмини суботу амният дар кишвари Афғонистон аст, зеро сулҳу субот дар Афғонистон ин оромии кишварҳои ҳамҷавор ва кулли минтақа аст.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай аз дастгирӣ ва пуштибониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд. Мавсуф таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодоти ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамояд.
Президенти Афғонистон ба сифати самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои тиҷоратию  иқтисодӣ масъалаҳои ташкили низоми мукаммали транзитию нақлиётӣ, густариши хамкориҳо дар бахши энергетика, коммуникатсия, кишоварзй,  истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обиву энергетикӣ, ташаккули системаи ягонаи энергетикӣ ва таъсиси комиссияи муштараки дуҷонибаро, ки фарогири ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон бошад,  пешниҳод намуда, дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо нақши ҳукуматҳои ҳарду  кишварро муҳим арзёбӣ намуд. Доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо парлумони Тоҷикистон шуд ва таъкид кард, ки парлумонҳо барои суботу оромии минтақа ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа барномаҳои муҳимро  метавонанд роҳандозӣ намоянд. 
Дар фарҷоми мулоқот доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз  Афғонистон боздид намояд.
 
 
 

Сентябрь 30, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!