Афзоиши муроҷиати шаҳрвандон ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират

Сентябрь 11, 2014 10:53

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 2-юми январ то 3-юми сентябри соли 2014- 13 ҳазору 789 нафар барои гирифтани маълумот дар бораи мавзўъҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонунгузории давлатҳои қабулкунанда ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.
Имрўзҳо муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба хадамот рўз то рўз зиёд мегардад, ки  ин шаҳодати кумаку дастгирӣ ва маслиҳатҳои муфиди кормандони ин ниҳод мебошад.
Аз тарафи кормандони Раёсат ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, китобчаҳо ва буклетҳо ба миқдори 38381 адад оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия тақсим  шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии хадамот хабар доданд. 
 
 
 
 
 

Сентябрь 11, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад