Амалисозии лоиҳаҳо дар самти беҳдошти муҳити зист
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-3 сентябри соли ҷорӣ Хайрулло Ибодзода- раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Виорел Гутсу -намояндаи ФАО (Созмони кишоварзӣ ва хӯрокворӣ) дар Тоҷикистон вохўрӣ гузаронд.
Дар вохўрӣ Виорел Гутсу оид ба фаълияти ФАО дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Дар ҷараёни вохўрӣ роҷеъ ба амалисозии лоиҳаҳо дар самти беҳдошти муҳити зист мубодилаи афкор сурат гирифта, тарафҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн изҳори умед намуданд.
Дар вохўрӣ инчунин Неъматулло Сафаров- ҳамоҳангсози Конвентсияи гуногунии биологӣ ва Музаффар Салимов- сардори бахши робитаҳои байналмиллалии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






