Аввалин тамринҳои тими мунтахаби миллии кишвар дар Минск

Сентябрь 3, 2014 09:18

Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дастаи миллии кишвар оид ба футбол, ки дар нимаи дуюми дирӯз ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои дидори дӯстона бо мунтахаби миллии ин кишвар рафт, аввалин тамринҳои худро оғоз кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби миллии кишвар тамринҳои худро дар маҷмааи варзишии олимпии Беларус  мегузаронад.
Ёдрас мешавем, ки бозии дустонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Беларус рӯзи 4-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”-и шаҳри Борисов баргузор мешавад.
Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати даста 23 футболбоз- 13 нафар аъзои тими миллӣ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе, 3 нафар — аз «Регар-ТадАЗ», 2 нафар  аз «Парвоз» ва як нафарӣ аз тимҳои «Вахш», ССКА «Помир», «Энергетик» ва «Хайр»-ро шомил кардааст.
 
 
 
 

Сентябрь 3, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд