Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи СҲШ ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо яз зумра ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:
1. Эъломияи душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
2. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Ёддошти намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати довталаб бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.
3.Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи Тартиби додани мақоми давлат- аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
4.Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи лоиҳаи «Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025»
5.Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳон
6.Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи бекор кардани амали қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
7. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи Ҳолат дар бораи рамзи Созмони Ҳамкории Шанхай
8. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи Маърӯзаи Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли гузашта
9. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи тасдиқи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фаъолияти сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2013
Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчунин маълумотномаҳоро дар бораи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай қабул карданд.
Ба ғайр аз ин дар ҳузури сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар бораи ташкили шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии мошинҳо ба имзо расид.
Раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба Федератсияи Русия дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






