Бақайдгирии онлайни иштирокчиёни DV

Сентябрь 30, 2014 16:50

 Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бақайдгирии онлайни  иштирокчиёни барномаи муҳоҷират (DV) барои соли 2016 рӯзи чоршанбе, 1  октябри соли 2014, соати 12:00 (вақти рӯзонаи шарқӣ-EDT (GMT-4) оғоз  гардида, рӯзи душанбе, 3 ноябри соли 2014, соати 12:00 (вақти рӯзонаи  шарқӣ-EDT(GMT-4) анҷом меёбад. Арзкунандагон бояд дар вақти  бақайдгириашон аризаи худро бо истифода аз шакли электронии DV (E-DV), ки  дар сомонаи www.dvlottery.state.gov http://www.dvlottery.state.gov  дастрас аст, пешниҳод намоянд. Баъд аз пур кардани аризаи DV ҳама  иштирокчиён бояд саҳифаи тасдиқи онлайнро чоп карда, онро барои  тафтиши ояндаи вазъи аризаашон нигоҳ доранд. Аризаҳое, ки баъд аз  муҳлати бақайдгирӣ ё ба таврӣ қоғазӣ пешниҳод мегарданд, қабул карда  намешаванд. Қонунгузорӣ фақат як аризаро аз як шахс дар давоми  муҳлати бақайдгирӣ иҷозат медиҳад. Номзадоне, ки зиёда аз як ариза  пур кунанд, аз ширкат дар барномаи DV маҳрум мегарданд. Бақайдгирӣ  дар барномаи DV ройгон мебошад.
 Дастур оид ба иштирок дар барномаи DV дар сомонаи Департаменти давлатии  ИМА дастрас аст
http://travel.state.gov/visa/immigrants/types/types_1322.html; 
Барномаи ҳарсолаи DV раводидҳоро ба шахсоне, ки ба талаботи содда,  лекин қатъии барнома ҷавобгӯй ҳастанд, дастрас мекунад. Гирандагони  раводиди муҳоҷират ба таври тасодуфӣ бо истифода аз компутер интихоб  мешаванд.
 Департаменти давлатии ИМА барои барномаи DV-2016 боз аз низоми онлайн  барои огоҳ намудани иштирокчиён дар бораи интихоб шуданашон ва барои  пешниҳоди маълумот доир ба аризаи раводиди муҳоҷирату мусоҳиба  истифода хоҳад кард. Департаменти давлатии ИМА огоҳиро оид ба  интихоб шудани иштирокчиён ё мактуби даъватро тавассути почтаи  муқаррарӣ ё почтаи электронӣ намефиристад. Шурӯъ аз майи 5 соли 2015  иштирокчиён метавонанд бо истифода аз рақами тасдиқи аризаи DV-2016  тавассути Санҷиши вазъи иштирокчӣ дастрас дар www.dvlottery.state.gov
 <http://www.dvlottery.state.gov> интихоб шудани худро фаҳманд. Сипас,  шахсони интихобшудае, ки ба дастури огоҳӣ ҷойгир дар саҳифаи тасдиқи  аризаи E-DV зери Санҷиши вазъи иштирокчӣ ҷавоб медиҳанд, дар бораи  вохӯрии банақшагирифтаи IV тавассути Санҷиши вазъи иштирокчӣ огоҳ  хоҳанд шуд. Ахбори барномаи DV-2016 то санаи 30 июни соли 2016  тавассути Санҷиши вазъи иштирокчӣ дастрас хоҳад буд. Ҳама иштирокчиён  бояд рақами тасдиқи аризаашонро то 30 сентябри соли 2016 нигоҳ доранд,  новобаста аз он, ки онҳо аз аввал интихоб шуданд ё не.
 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ як мушовир ва ё хадамоти хусусиеро барои  роҳандозии барномаи DV киро намекунад. Миёнаравон ва ё онҳое, ки  хизмати худро барои мусоидат дар барномаи DV пешниҳод менамоянд, бидуни иҷозат ва бе огоҳии Ҳукумати ИМА фаъолият мекунанд. Масъулияти  истифода аз хидмати миёнаравҳо ҳангоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳои  барномаи DV пурра ба дӯши худи иштирокчиёни барнома аст. Мо  суботкорона ба иштирокчиён тавсия медиҳем, ки аризаи барномаи DV-ро бе  харҷу ёрии нолозим пур кунанд.
 Шуъбаи консулии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар бораи огоҳии қалбақии  барномаи DV, ки тавассути почтаи электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон  ва шаҳрвандони дигар давлатҳои сокин дар Тоҷикистан фиристода мешуданд,  хабардор шуд. Ин навъи қаллобӣ на фақат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
 Ҳодисаҳои сайтҳои қаллобии монанд ба сайтҳои расмии Ҳукумати ИМА ҷой  доштанд, ки барои “пур кардани” ҳуҷҷатҳои лоторея пул мерӯёнданд.
 Барои дастрас намудану пур кардани аризаи электронии барномаи DV пул ситонида намешавад.
 Ҳамаи раводиди муҳоҷират барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  ҷумла раводиди барномаи DV, дар Сафорати ИМА дар Қазоқистон коркард   мешавад.
Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.
 

Сентябрь 30, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд