Баргузории мусобиқаи футбол дар Қоҳира ба истиқболи Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 6 сентябри 2014 дар Қоҳира бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср мусобиқаи футбол сурат гирифт, ки онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба истиқболи 23-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли кишвар баргузор намуд.Дар маросими ифтитоҳ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ширкаткунандагони мусобиқаи футболро ба муносибати ҷашни миллии кишвар табрик намуд.Дар мусобиқа даҳ даста иштирок карда, ба дастаҳои пирӯз, инчунин ба дарвозабон ва ҳамлагари беҳтарин аз номи Сафорат ҷоизаҳои вежа тақдим гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






