Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА
Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 10 сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси ИМА мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи штати Мэриленд) баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуданд. Ф.Салим ба Сенатор Б.Кардин оид ба баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва аҳамияти он маълумот дод.
Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм баррасӣ шуданд.
Сенатор Кардин дар навбати худ таъкид намуд, ки “Тоҷикистон дар мадди назари ИМА қарор дорад ва ҷониби амрикоӣ барои рушди ҳамкориҳо талош хоҳад кард”. Сенатор инчунин зарурати ҳамкориҳоро дар бахши ҳуқуқи инсон дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъкид намуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






