Баррасии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар форум

Сентябрь 19, 2014 11:22

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 5-умин Форуми минтақавии «Самаранокии воситаҳои ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз Осиёи марказӣ дар кишварҳои қабулкунанда» дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду рӯз боз идома  дорад.
Дар  форум масъалаи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бештар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд, баррасӣ гашта,  роҳҳои ҳалли ин мушкилот ба сохторҳои дахлдор  ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд, пешниҳод мешавад.
Дар  форуми минтақавӣ ҳолати дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хизматрасонии консулӣ ва дигар механизмҳои ҳифзи ҳуқуқӣ муайян шуда, ҳамкориҳои ваколатдорони ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ муайян мегардад.
Форум аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар доираи лоиҳаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки бо дастгирии DCA Central Asia, Bread for the World ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардид ва Платформаи ҳамкориҳои шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар рушд» баргузор гардида истодааст.

Сентябрь 19, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад