Баррасии андозбандӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 23 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии FICHТNER (Олмон) дар доираи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ дар мавзӯи «Андозбандӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ» семинар доир гардид.
Лозим ба зикр аст, ки созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 8 июни соли 2012 ба имзо расида, он бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2014 тасдиқ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода дар семинар афзуд, ки мақсади асосии ин лоиҳа мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар соҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб, алалхусус саноати куҳӣ ба ҳисоб меравад.
Дар семинар мавзуъҳои таъсири андозбандӣ дар рушди саноати коркарди куҳӣ; баҳодиҳӣ ва тавсияҳо оид ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи қаъри замин; омӯзиши таҷрибаи механизмҳои андозбандии соҳаи саноати коркарди кӯҳкорӣ (қаъри замин) дар кишварҳои Австралия, Чили, Индонезия, Манголия, Мозамбик ва Косово ва афзалияти онҳо барои Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






