Баррасии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Душанбе
Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-“Унсурҳои асосии Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”- чунин аст мавзӯи мизи гирди муштараки Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ки имрӯз, 23-юми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тавре ки аз МТБ хабар доданд, гурӯҳи кории таҳияи «Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки аз намояндагони аршади вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон иборат аст, дар мизи гирд сохтор, унсуру бахшҳои асосӣ ва диду нигоҳҳои пешниҳодии стратегияро баррасӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, таҳияи стратегияи мазкур аз бандҳои муҳими Барномаи Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад. Доктор Намрата Вакҳалу, мушовири байналмилалии МТБ доир ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мегӯяд: “Стратегияи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъсиси як низоми муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қобили қабули истеъмолкунандаҳо бошад, ба ҳайси харитаи роҳ хидмат хоҳад кард. Сохтори пешниҳодии Стратегия, бар иловаи тасвири чолишҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин низоми феълии назорати хӯрокворӣ дар кишварро таҳлил мекунад, то халои мавҷударо нишон бидиҳад, ки дар низоми нави муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба инобат гирифта шавад. Ин сохтор, ҳамчунин чораву иқдомҳои асосӣ ва муддати иҷрои онҳоро ҳам барои расидан ба сиёсати маҳсулоти бехатари хӯрокворӣ фаро мегирад”.
Дар назар аст дар мизи гирд намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҳамчунин механизми сохторӣ ва ҳамоҳангии иҷрои стратегияро баррасӣ намоянд ва иқдомоти заруриро ҳамроҳ бо масъалаҳои молии иҷрои стратегия мувофиқат кунанд.
Ёдрас мешавем, ки гурӯҳи кории таҳияи «Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар моҳи апрели соли ҷорӣ муштаракан аз ҷониби МТБ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъсис ёфтааст. МТБ ба гурӯҳи корӣ ёрии фаннӣ, аз ҷумла роҳнамоиву машварат дар таҳияи стратегияро мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






