Баррасии масоили шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Сентябрь 27, 2014 12:08

Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» — и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябр дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар мавзўи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони шаҳри Ваҳдат семинар баргузор намуд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода саҳми семинарро дар рушди иқтисодиёти шаҳр, бахусус дар сохтмону таъмир ва таҷдиди инфрасохтор, инчунин дар пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ мусбӣ арзёбӣ намуд. Сипас, муаррифиҳо оғоз шуданд. Муаррифии аввал «Мақсад ва вазифаҳои семинари корӣ, принсипҳои заминавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ” аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» — и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Шералиев пешниҳод гардид. Зикр гардид, ки мақсади асосии семинари мазкур — ин муаррифии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» мебошад. Вазифаи асосии семинар аз он иборат мебошад, ки иштирокчиёни семинар паҳлӯҳои асосии механизми шарикиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба саволҳои хеш ҷавобҳо пайдо намоянд. Инчунин ташкилкунандагони семинар дар назди худ вазифа гузоштанд, ки бо иштирокчиёни асосии раванди шарикӣ — намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон — шарикони хусусии эҳтимолӣ дар мавзўи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ» суҳбат намоянд. Паҳлўи дигари муаррифии мазкур ин усулҳои заминавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ буд.
Мавзўи дуюми семинар муаррифии “Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рўи Қонун “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” буд. Муаррифии мазкур аз ҷониби мушовири маҳаллӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз Бонки Осиёии Рушд барои Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» — и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷиёншоҳ Бухориев пешниҳоди ҳозирин шуд.
Дар доираи ин муаррифӣ нуқтаҳои асосии Қонун “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ба монанди мафҳумҳои асосӣ, меъёрҳои асосии шарикӣ, доираи татбиқи ин қонун, иштирокчиёни асосии шарикӣ, ваколатҳо, вазифаҳо ва уҳдадории онҳо, инчунин марҳилаҳои асосии шарикӣ зикр гардиданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.
Дар доираи мавзўи сеюми семинар муаррифии “Методикаи муайян ва дараҷабандӣ намудани лоиҳаҳои шарикӣ” пешниҳод гардид.
Зикр гардид, ки методикаи номбурда аз ду усул — усули муайянкунӣ ва усули дараҷабандӣ ва истисно намудани ҳар як лоиҳаи эҳтимолӣ иборат мебошад.
Аз рўи ҳамаи мавзўҳо миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Сентябрь 27, 2014 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд