Баррасии монеаҳои техникӣ дар савдои байнидавлатӣ
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷаласаи 34-уми Комиссияи илмию техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия имрӯз дар дараи Варзоб ба кори худ оғоз бахшид, ки он то 2 октябр идома меёбад.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти миллӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсияи ҷумҳуриҳои узви ИДМ ва Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) иштирок доранд.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масъалаҳои интихоби ҳайати гурўҳи корӣ, таҳияи лоиҳаи созишнома дар бораи аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои узви ИДМ дар асоси ташкили механизми барқарор намудани талаботи ягонаи ҳатмӣ ва тартиби баҳодиҳии мутобиқат бо назардошти «Созишномаи давлатҳои аъзои иттиҳоди гумрукӣ ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои узви ИДМ, ки аз 17 декабри соли 2012 аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳисоб намераванд», дар бораи лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Созишнома дар бораи принсипҳои гузаронидан ва эътирофи байниҳамдигарии корҳои сертификаткунонӣ аз 04.06.1992, дар бораи лоиҳаи «Созишнома оид ба эътирофи аккредитатсияи мақомоти баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқат» ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Инчунин иштирокдорони ин ҷаласа ҷиҳати аз тарафи мақомоти миллӣ ба иҷро расонидани корҳо дар соҳаи аккредитатсия (табодули таҷриба), иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД), ширкати ШБД дар иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми (солҳои 2012-2015) «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020», рафти татбиқи нақшаи фаъолияти ШБД дар давраи то 2015 с., иҷрои Меморандум дар бораи ҳамкории мақомоти миллӣ оид ба аккредитатсия, баррасии лоиҳаи эътирофи байниҳамдигарии аккредитатсияи мақомоти баҳодиҳии мутобиқат ва ғайраҳо изҳори назар менамоянд.
Дар раванди кори ҷаласа вохӯриҳои расмии роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» бо намояндагони мақомоти миллии давлатҳои ИДМ ва инчунин котиби масъули ШБД дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






