Боздошти тоҷири афғон дар амалиёти «Нелегал-2014»

Сентябрь 18, 2014 11:55

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ,  фаъолият ва буду боши онҳо дар мадди назари кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ қарор дорад.
Бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, шуъбаи Хадамот дар ҳамкорӣ бо Раёсати КДАМ ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ силсила рейдҳои муштаракро мутобиқи нақша-чорабинии амалиёти «Нелегал-2014» роҳандозӣ менамояд. 
Гурўҳи корӣ фаъолият ва буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар ташкилотҳои байналмиллалии ЧТЗ (Олмон), АКФ Афғонистон, АКЧС-Афғонистон ва донишгоҳи Осиёи марказӣ мавриди санҷиш қарор доданд.
Зимни баргузории амалиёт маълум гардид, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ муваққатан фаъолият доранд, аз риояи талаботҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳанд ва тамоми ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда шудааст.
Ҳамзамон, гурўҳи корӣ фаъолияти тоҷирони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки дар асоси созишномаҳои дуҷониба дар бозорҳои марказии шаҳри Хоруғ ба тиҷорат машғул ҳастанд, мавриди санҷиш қарор доданд.
Муайян гардид, ки дар асоси раводид ҳоло дар бозорҳои Хоруғ 5 нафар шахрвандони Қирғизистон ва 13 нафар шаҳрвандони Афғонистон кору фаъолият дошта, дар асоси  шартномаҳои меҳнатӣ, ҳар яки онҳо аз 2 то 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои фурӯш бо кор таъмин намудаанд.
Дар рафти амалиёт ҳуқуқвайронкунии як нафар шаҳрванди Афғонистон ошкор гардид. Дар асоси моддаи 499 қ. 1 аз тарафи Суди ш.Хоруғ ба маблағи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷарима карда шуд.
Бо шаҳрвандони Афғонистон суҳбат анҷом дода шуда, риояи қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд.  
Амалиёти муштарак мутобиқи нақшаи-чорабинии «Нелегал-2014» то  охири моҳи сентябр давом дорад.
Дар ин бора Абдуллоҳи Кодирӣ, сухангӯи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дод. 

Сентябрь 18, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад