Бозомӯзӣ дар мавзӯи «Дахолати барвақтии кӯдакон»
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).-Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаҳои «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон» ва “Тандурустӣ” аз 30 сентябр то 2 октябри соли равон доир намудани бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро ба нақша гирифтааст.
Ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.
Дар бозомӯзии мазкур масъалаҳои таъсиси гурӯҳҳои мухталифсамт бо ҷалби мутахассисон, амалӣ гардидани лоиҳаҳои дахолати барвақтии кӯдакон дар минтақаҳо, нақшаи рушди ҳамкорӣ бо шарикон, тарҳрезии нақшаи фардии кӯдак ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






