Чкалов: ҷамъбасти озмуни «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014»
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Чкалов бо иштироки роҳбарияти шаҳри Чкалов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — Мунаввара Дадобоева иди “Атлас ва адраси Хуҷанд-2014” баргузор шуд. Дар он меҳмонон аз ҳунарҳои дастии занону духтарони шаҳр, ки дар саҳни чойхона ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Гуфта мешавад, ки қолинҳои дастибоф, либосҳои хушдӯхт, зардӯзӣ ва дигар маҳсулотҳои дастранҷи занони ҳунарманди шаҳр дар растаҳо таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.
Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода гуфт, ки муҳимтарин ҳадафи иқтисодии давлат дар даврони Истиқлолият беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар шаҳри Чкалов дар хонаи хизмати маишии “Элегант” сехи қолинбофӣ, дӯзандагиву заргарӣ ва дар назди қаҳвахонаи “Амирҷон” сехи гобилембофӣ ташкил шудааст.
Сипас озмуни “Атлас ва адраси Хуҷанд-2014” аз рӯи се шарт, намоиши либосҳои кӯдакона, рӯзмарра ва идона гузаронида шуд, ки дар он 45 нафар бо либоси хушдӯхти аз матои атлас ва адрас дӯхташуда ширкат варзиданд. Дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва шоҳҷоиза тақдим шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






